ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ҲУДУДИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ДЕҲОТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар ҳудуди ташкилотҳои ибтидоии  ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Ин навбат дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти  "Нури Вахш"  аъзоён ва тарафдорони ҲХДТ шафати шоҳроҳи Дӯстӣ-Шаҳритус,  роҳҳои байни деҳаҳои  Гогол ва Ҷангалпарварро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуда сокинони  ин деҳаҳо мехоҳанд ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як дастовезҳои арзанда пешвоз гиранд.