Аёдати маъюбон дар Рӯзи Иди Ваҳдати миллӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдат намудани беморону ятимон ва маъюбону ниёзмандон, инчунин дасти кумак дароз кардан ба ин қишри ҷомеа амали хайру савоб ба ҳисоб рафта аз ин рафтори неки мо онҳо худро танҳову ранҷур ҳис намекунанд.

Маҳз бо чунин мақсад имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз ба аёдати маъюби гурӯҳи якум, Зайналова Манижа сокини деҳаи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов рафта бо дастгирии шахсони саховатпеша ба оилаи онҳо як телевизион туҳфа намуданд.
Ҳангоми расонидани нафақаи ҳизбӣ, ки ҳар моҳ ба Зайналова Манижа дастрас карда мешавад, номбурда хоҳиш намуда буд, ки агар имконият бошад ба оилаи онҳо як телевизион дастрас намоянд. Инак бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии шахсони хайрхоҳ Манижа ба орзуи худ расид.