Баргузории Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва дохили оромгоҳҳо ҳар якшанбеи охири моҳ, ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор мегардад.

Чунин иқдом санаи 25.06.2023, дар арафаи Иди Қурбон дар оромгоҳи деҳаи Намунаи, Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор, Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ, Исмоилов Исматулло, раисони Кумитаи маҳалаи деҳаҳои Намуна, Бешаи Палангон, Қаҳрамон ва дигар сокинону аъзоёни ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҳашар дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза карда дарахтони атрофи оромгоҳро обёрӣ намуданд.
Дар анҷоми кор имомхатиби деҳа дар ҳаққи гузаштагони ин макон дуои хайр намуда ба иштирокдорон таъкид карданд, ки фарзандону ҷавононро дар роҳи хештаншиносӣ, созандагию бунёкорӣ тарбия намудан масъул бошанд.