ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛЛАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" миёни сокинони маҳаллаву деҳаҳои ноҳия хамовозии зиёде пайдо кардааст. Дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Баҳористон" -и Ҷамоати деҳоти ба номи Гарди Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ  ин иқдом хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Ин навбат аъзоён ва тарафдорони ҲХДТ дар ҳудуди деҳаи Баҳористон ба чароғонкунии маҳаллаи худ рӯи кор гирифта ва мехоҳанд, ки дар сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро гузоранд.