Кумак намудан ба ниёзмандон, фазилати ҷавонмардист.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯмак намудан ба ниёзмандон, ятимон ва маъюбону барҷомондагон яке аз фазилатҳои ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, ин амали хайру савоб аз азал байни халқи тоҷик роиҷ мебошад.

Абдуллоев Раҷаббек, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки "20 солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" яке аз шахсони хайрхоҳ ба ҳисоб рафта пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои давлатию миллӣ ба ниёзмандон, ятимон ва маъюбон кумак мерасонад.

Дар арафаи Иди ғалаба, ки ҳамасола санаи 9-май ҷашн гирифта мешавад, аз ҷониби Абдуллоев Раҷаббек ба ду оилаи ниёзманд кӯмаки яквақтаи ғизоӣ расонида шуд.