Чорабинии идона бахшида ба Иди Наврӯз

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18.03.2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба рӯзи Иди "Наврӯзи Байналмилалӣ" дар деҳаи Шӯро-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, ноҳияи Дӯстӣ, чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ Раис ва кормандони Кумитаи иҷроия фаъолона иштирок намуда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз суханронӣ намуда ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи фархундапай табрику таҳният гуфт.

Ҳамчунин дар ин чорабинии идона аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" омӯзгорони МТМУ-15 ва аъзоёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Деҳқонобод", Раиси ҷамоати Деҳқонобод фаъолона иштирок намуда аз баргузории ин чорабинии фарҳангӣ ба худ таасуроти нек бардоштанд.
Иди "Наврӯзи Байналмилалӣ" бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.
Боиси ифтихор аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми Тоҷикистон ва берун аз он ҳам ҷашни  Наврӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Наврӯз таърихи бештар аз шаш ҳазорсоларо дорад ва расму суннатҳои наврӯзӣ ҳанӯз пеш аз дини ислом ва аз давраи зардуштиён барои ояндадорӣ ёдгор мондааст.