ҶАВОНОН ҲОМИЁНИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН МЕБОШАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён"  як қатор ҷавонони фаъолу ватандӯст ва хонандагони синфҳои 11, ба қисми низомии 02214 воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус сафарбар карда шуданд.
Дар ин сафар ҷавононро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз, раиси ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва Комиссари ҳарбии ноҳия Талбакзода Ҷамшед ҳамроҳӣ намуданд. Ҳадаф аз ин иқдом шиносоии ҷавонон бо шароити хизматии сарбозон, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди онҳо ва гузаштан аз мактаби мардонагӣ мебошад.
Хонандагон дар ин сафар аз шароити хизматии сарбозон, толори варзишӣ, китобхона, ҷои хоб ва ошхона дидан карда боварӣ ҳосил намуданд, ки дар ҳақиқат хизмат намудан дар сафи қҚувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон мояи ифтихор мебошад ва имрӯз давлату ҳукумат беҳтарин шароитҳоро дар қисмҳои низомӣ фароҳам овардааст.
Дар саҳни қисми низомӣ аз ҷониби сарбозон истифодаи яроқу аслиҳа ва машқу тамринҳои ҳарбӣ ба ҷавонон нишон дода шуд, ки хонандагон аз ин чорабинӣ руҳияи нек бардоштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" ба ин қисми низомӣ кумаки яквақта аз ҷумла нон, равған, картошка, сабзию пиёз ва дигар маводи ғизоӣ расонида шуд.
Дар ҳаминҷо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз бо Раҷабов Нурмаҳмад, сарбоз аз ноҳияи Дӯстӣ, ки зиёда аз як сол мешавад дар қисми низомии 02214 хизмат карда истодааст суҳбат намуда аз шароити хизматиашон бохабар гардиданд.