Таъмини нафақаи ҳизбӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти  олии ҲХДТ ва ғамхори намудан нисбати маъюбону ниёзмандон, дар ҳар як ноҳия ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум нафақаи ҳизби  таъин гардидааст.

Чунин иқдом дар ноҳияи Дӯстӣ, низ амалӣ гардида, ба Шафиева Рӯзигул ва Муродов Фаррух, ки ҳарду маъюбони гурӯҳи як мебошанд, бо нафақаи ҳизбӣ фаро гирифта шуда, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳар моҳ нафақаи онҳо дар манзили зисташон  бурда расонида мешавад.