Чорабании ҳизбӣ, бахшида ба "Рӯзи парчами давлатӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 24.11.2022,  бахшида ба "Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нури Вахш" чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур, раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ, кормандони масъули Кумита, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб ва дигар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд.

Сараввал раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ баромад карда ҳозиринро бо "Рӯзи парчами давлатӣ" табрик намуд.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ва раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат суханронӣ карда, аз таърихи парчамдории халқи тоҷик, қабули парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчам ҳамчун нишони  соҳибистиқлолии мамлакат ибрози андеша намуданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ барномаи консертӣ бо ҳузури мутрибону сарояндагон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони соҳаҳои гуногун аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Нури Вахш ва фаъолони ҳизбӣ, ифтихорнома ва туҳфаҳо аз ҷониби раиси ноҳияи Дӯстӣ тақдим карда шуд.