РАФТИ БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №5

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 – и ҷамоати деҳоти  Пушинг, деҳаи Пушинг  миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” доир карда шуд. Дар “Соати сиёсӣ” якқатор  омӯгорони соҳибтаҷриба ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба заҳмату талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти давлатдории тоҷикон, дастовардҳои беназири 31 – соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон,  ҳушдорсозии  ҷавонон аз хатари терроризуму экстремизм, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир  миёни хонандагон ибрози андеша намуданд.