ДАР МТМУ №2 - “СОАТИ СИЁСӢ” ДОИР ГАРДИД.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ҷамоати ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара  миёни хонандагон  “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.

Дар “Соати сиёсӣ” омӯгорони  соҳибтаҷриба,  дар мавзӯъҳои “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар як ҷавонмард”, “Ҳифзи Ватан вазифаи ҳар яки мост!”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон  дар як моҳи охир”, “Пешгирии ҷавонон аз хатарҳои терроризм ва эктремизм  ” суханрони намуданд.