Эй дуст, биё, боз ба Наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.
Дар пардаи гул бод наво карда парешон:
Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем.
Эй боғи гулафшон, бағали боз муборак!
Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем…
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президенти барои кӯдакони болаёқат”, тибқи нақша - чорабиниҳои муассиса таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид. Иди Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи тӯлонӣ мебошад. Наврӯз ҳамчун дастоварди миллии тоҷикон, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар таърихи 18 - уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64 - уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, карор дар бораи “Рӯзи ҷаҳхонии Наврӯз” ба тасвиб расид, ки мувофиқи он 21 - уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид, афзуд директори муассиса. Нахуст ҳайати меҳмонон аз хони наврӯзӣ, ки иборат аз ҳафтшин, ҳафтсин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаи мероси ниёгон, гӯшаи кишоварзон, гӯшаи варзишгарон ва дигар анъанаҳои наврӯзӣ иборат буд, дидан карда, ба дастовардҳои муассиса ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баҳои баланд доданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи ҷашнҳои қадима талош варзида, дар ин давра як зумра идҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз эҳёи дубора касб кард. Ҷашни Наврӯз дар миёни мардуми мо бо махсусиятҳо ва анъанаҳои хоси худ эътибори баланд дошта, ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор сулҳу осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, суботу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд.
Қисмати фараҳнгии чорабинии мазкур иборат аз суруду таронаҳо дар васфи ватан, баҳору наврӯзӣ, саҳнаҳои тарбиявӣ ва бозиҳои наврӯзӣ буд, ба чорабинӣ боз ҳам шукӯҳу шаҳомати хоси идона бахшид.
Дар охир ҷиҳати оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва баланд бардоштани мартабаи бозиҳои наврӯзӣ дар байни хонандагони муассиса гуштини миллӣ доир гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.