Бахшида ба фарорасии Соли нави аҷдодӣ субҳи 19 март сайругашти сокинон дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Данғара бо пос доштани расму оинҳои миллиро бо як шукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ масъулон ва сокинони ноҳия дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ, Корвони наврӯзии ноҳия бо рамзҳои наврӯзии Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукргузорӣ аз сарзамини гулфишони Тоҷикистон ба чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.
Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии ноҳия бо иштироки сокинони ноҳия ба ифтихори Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ сайругашти оммавӣ баргузор гардид.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои ноҳия, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷассум ёфтанд. Шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд.