Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, оғози фасли баҳор, айёми бедории табиат мебошад. Наврӯз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсон бо табиат аст. Наврӯз идест, ки моро бо таърихи кӯҳнаи аҷдодонамон мепайвандад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукӯфон шудани табиати Ватани азизамон - Точикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва мухити зисти онро ҳифз намоем. Наврӯз дорои рамз, сифат ва фазилатҳои неки инсонист. Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад. Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад. Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ метавон номид. Бо фаро расидани баҳори нозанин дар тамоми манотиқи кишвар мардум бо кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ, тоза кардани хонаву дарашон машғул мешуданд. Ва ин анъанаро имрӯзиён идома дода истодаанд. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват, хушнудӣ бар ғаму андуҳ аст. Наврӯз ба тафовут аз дигар идҳо як ҷашни воқеан ҳам табииест, ки аслан бидуни тасмими фардиву ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ кардааст ва барои мондагор будан ҳеҷ гуна эҳтиёҷе ба ҳеҷ гуна қарордоди иҷтимоӣ надорад. Ҷашни Наврӯз ҳамоҳангиву омезиши воқеияти зебои табиат ва хиради зебоипарасти мардуми ориёнажод аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо иртиботи самимиву солими инсон ва табиатро ба вуҷуд оварда, башариятро дар рӯҳияи зебоипарастӣ ва эҳтиром ба аносири табиӣ тарбия мекунад. Моҳияти асосии ҷашни Наврӯз пайванди инсон бо табиат ва сарҷамъии мардум, арҷгузорӣ ба рӯзи нав, соли нав, гармию рӯшноӣ мебошад, ки он нишони ба поён расидани сардиҳо ва омад - омади баҳори хуҷастапай мебошад. Яъне Наврӯз замони падруд ба зимистон ва оғози зиндагии нав мебошад. Маълум аст, ки панҷоҳ рӯз то оғози расидан ба Наврӯз мардумони мо ҷашни Садаро пешвоз мегиранд, ки онро саҳеҳан 50 шабу 50 рӯз ҳисоб намуда, ҳама омодагиҳои наврӯзиро аз ҳамон ҷо оғоз медиҳанд. Бузургии ҷашни Наврӯз дар он аст, ки ягон хусусияти динию мазҳабӣ надорад, ин ҷашни шодию сурур, паҳлавонию руҳӣ болида, оғози зинда гардидани табиат ва орзӯю омоли ҳаёти ширини инсон мебошанд. Воқеан, ҷашни қадимаи Наврӯзи мо на танҳо расму оинҳои гузаштагонамонро таҷассум менамояд, балки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувиятсозӣ нақши босазо дорад. Беҳуда нест, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё намудани анъанаву суннат ва дигар арзишҳои миллӣ мақому мартабаи хосса гирифт. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзӯи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.Тозаву озода кардани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нӯру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд. Бовар дорам, ки дар соли нави аҷдодӣ мардуми сарбаланди мамлакат ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам бештар кор мекунанд ва заҳмат мекашанд.
Бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамватанони азиз, ҳамдиёрони бурунмарзӣ ва сокинони сарбаландӣ ноҳияро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди мамлакат тандурустӣ, зиндагии босаодат ва ба мардуми сайёра сулҳу оромӣ орзу менамоям.
ШАМСУЛЛОЕВ Раҷабалӣ – Раиси ҷамоати шаҳраки Данғара, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи данғара