Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммоишгоҳи ҷаҳонӣ иштирок дошта, соли 2025 - ро ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи Пиряхҳо эълон намуданд.
Масоҳати умумии Пиряхҳои Тоҷикистон 8,4 ҳазор км2 буда, қариб 6/100 - и масоҳати кишварро ташкил медиҳанд. Захираҳои оби Тоҷикистон, ки Пиряхҳо асоси онҳо мебошанд, сарчашмаи нерӯи барқароршаванда ё энергияи сабз ба шумор мераванд. Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 км2 , буда, дарозиашон 45км мукаабро дар бар мегирад.
Кишвари мо аз лиҳози истеҳсоли нерӯи сабз, ки ба муҳити зист таъсири манфи намерасонад дар қатори 6 - давлати пешсафи ҷаҳон дар ин самт қарор дорад. Дар ин замина 96/100 - и нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Пиряхҳо дар асоси як зумра омилҳо ташаккул меёбанд, ки яке аз воситаи ташаккули онҳо иқлим ба шумор меравад. Иқлими маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб, ки ба ҳам монанд буда, хусусиятҳои хоси фарқкунанда доранд. Ҳамаи иқлими ҳудуди Осиёи Марказиро ба 3 шакл ҷудо кардан мумкин аст. Ташаккули ҳар сеи иқлими Осиёи Марказӣ дар асоси радиатсияи офтоби шароити физикию географӣ ва гардиши ҳавои атмоссферӣ ба миён меояд. Гардиши атмосфераи Осиёи Марказӣ аз ҳисоби массаи ҳавои ғарбию шарқӣ ташаккул меёбад. Боришот бошад ба Осиёи Марказӣ ҳаракат кардани ҳавои уқёнуси Атлантика маҳсуб меёбад. Саҳми ҳавои атмосферии дигар минтақаҳо дар Осиёи Марказӣ хеле ночиз аст. Дар фасли тобистон саҳми нурҳои офтоб дар ташаккули иқлими Осиёи Марказӣ хело бузург арзёби мегардад, ки боиси ҳавои соф ва ё камабр мегардад. Бо ба миён омадани фасли тирамоҳ ҳарорати ҳаво паст шуда, боиси боронҳои алоҳида мегардад. Ҳамин тариқ аз миёнаҳои моҳи ноябр бошад, зимистон дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ зуҳур мекунад.
Радиатсияи офтобӣ ин дарозии соатҳои офтобӣ маҳсуб меёбанд. Нурпошии офтоб ба ҳисоби миёна дар як сол 2 ҳазор соат дар қисмати шимол ва то 3 ҳазор соат дар қисмати ҷануб ташкил мешавад. Зиёдшавӣ ва ё камшавии нурпошии офтоб дар навбати худ дар минтақаҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ тағйирпазир аст. Дар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ бо сабаби баландии онҳо қариб, ки ҳамеша абр дида мешавад, аммо на ҳамаи абрҳо пурра ва зичии зиёд доранд. Дар баробари гардиши ҳавои атмосфери ва радиатсияи офтоб ҳолати физикию географӣ ва релефи минтақа нақши худро мебозанд. Ҳангоми ҳаракати ҳаво ба баландкӯҳҳо бо сабаби баланд будани онҳо ҳаво зич гардида хунук мешавад ва яке аз сабабҳои ташаккули барф ва табдил гаштани бисёри аз рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ ба ях табдил мегардад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо боришот дар минтақаҳои кӯҳистони кам дида мешавад. Ҳамин тариқ хусусиятҳои гуногуни табиат боиси ташакули пиряхҳои азим, дарёҳои ҷорӣ, манзараҳои зебои табиати минтақаҳои Осиёи Марказӣ гардидааст.
САФАРЗОДА Бунёд – мутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара