БО ҶАШНИ МИЛЛИАМОН ИФТИХОР МЕКУНЕМ

Данғара: Андеша  

Ташаббус ва ибтикори сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат дар заминаи эҳёи фарҳанги наврӯзӣ ва иду ҷашнҳои бостонии миллӣ ҳамовозии тамоми давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколимоту гуфтугӯҳо ва ҳамкории минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ ҳамвор сохт. Аз ҷумла, таҳқиқ ва эҳё намудани ойину анъанаҳои бостонии Иди Наврӯз ва бузургдошти он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ ёбанд ва онро азиз дошта, ҳамеша нигаҳбон бошанд. Тамоми ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд. Ин нуқтаи муҳимро ба назар гирифта, Сарвари давлат таъкид фармуданд, ки “Тамоми ойинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз низ барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд”. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат бо эҳёи дубораи Наврӯз фарҳанги бостонии миллиро бо тамоми таровату шукӯфоӣ зинда кардаанд ва таҷлили саросарии ин ҷашни бузурги аҷдодӣ, ки сарсилсилаи ҷашнҳои бостонӣ ба шумор меравд, далели гуфтаҳои болост.

Мо бо такя ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти эҳёи одобу русум ва суннати анъанаҳои некӣ ниёгон саъю талош хоҳем кард ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи таҷлили бошукӯҳӣ Наврӯзи оламафрӯз ободкорию созандагиро, ки ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, пайгирона идома медиҳем. Аз ҳама маҳим, Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи давру замон мояи ифтихори мо будаву ҳаст ва хосса, дар шароити имрӯзаи бархурдҳои шадиди сиёсиву тамаддунӣ беш аз пеш ба Наврӯз ва ойину  маросими наврӯзӣ ниёз дорем, чаро ки ҳар расму одати ин ҷашни куҳанбунёду харадмеҳвари миллӣ дар худ мушаххасоти ҳувиятиро мепарварад ва аз сол ба сол, аз насл ба насл, аз давр ба давр интиқол медиҳад. Ин аст, ки мо, воқеан, бо Наврӯзи милливу мардумиамон, ки аз рӯзгори Ҷамшед ибтидо мегирад, ифтихор мекунем.

АЛИЕВ М – собиқадори алоқа