ДАР  МИЁНИ ФАСЛҲО ЗЕБИ ДИГАР ДОРАД БАҲОР

Данғара: Андеша  

Баҳор – арӯси сол. Бо фарорасии он айёми кишту кори марди деҳқон оғоз меёбад. Бобои деҳқон кори марди деҳқон бо мақсади пур кардани дастархони ҳар яки мову шумо камари ҳиммат баста, ба кор шурӯъ мекунад.

Фасли баҳор фасли умеду орзуҳост. Шоир дар ин бора хеле хуб гуфтааст:

Дар миёни фаслҳо зеби дигар дорад баҳор,

Сабзаи сероб чун нахли самар дорад баҳор.

Зинати рӯйи замин шуд сабзаи гулҳои тар,

Ёсуман бо наргису ҳам нилуфар дорад баҳор.

Баҳорро фасли гулҳо гем хато намекунем. Аввалин гуле, ки бачагон чинда бо сурудхонӣ ба дари ҳар хона мераванд, ин гули бойчечак аст. Либоси нав пӯшидан, хушбӯйиҳо задан, кинаро аз дил дур намудан, хурсандӣ кардан низ аз амалҳои накуи Наврӯзи аҷам ба ҳисоб меравад.

Тӯли 15 сол инҷониб мо ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо руҳи болида ва хотири шод ҷашн мегирем. Дар ин давра пирон дуо мекунанд, ки то соли оянда хони аҳли диёр доимо пур аз ризқи фаровон ва паймон бошад.

Ҳофизи Шерозӣ чунин фармуда:

Нафаси боди сабо, мушкфишон хоҳад шуд.

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд

МАҲИМЗОДА Миратулло – Омӯзгори ЛТТ “Афлотун”, аъзои фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ