ВАҲДАТ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТУ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

Данғара: Андеша  

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расиданба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай амоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем. Эмомалӣ Раҳмон.                              

Ваҳдати миллӣ чун ғояи пешбари ҷомеа ба оғози ҳаёти нав ва ташаббускорӣ дар пешрафту ободонии диёр барангехтан аст. Бо азму талош, шуҷоатмандию матонат ва ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари порашавии сарзамини воҳид ва ҳатто эҳтимолияти ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи сиёсии олам нопадид шудан пешгирӣ гардид. Маҳз ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллат 27 июни соли 1997 – санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон  ворид гашт. Имзои созишнома ба минтақаҳои дуру наздик, ба кулбаву кошонаҳо, ба дилу диди мардум нур овард. Таърихи ба имзо расидани созишнома чун иди умумихалқии сокинони ҷумҳурӣ дар саросари Тоҷикистони азизи мо истиқбол гирифта шуд. Даврони навини давлатдории мо оғоз ёфта, бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишвар ба ҳукми анъана даромад. Таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ, ки дар таҳкими ғояи сулҳпарварӣ дар ҷомеаи навбунёди Тоҷикистон ва ба муросо омадани гурӯҳҳои мухталифи сиёсии кишвар нақши бағоят муҳим бозид. Сухан аз ҳарфи сулҳу осоиштагӣ ва даъвати мардумсолориаш ба хотири ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, ки  аз минбарҳои олӣ босамимият садо медод, дар  афкори миллионҳо тоҷикон дар кишварҳои хориҷ ғарибгардида андешаи бозгаштро ба Ватан бедор намуд. Сарвари давлати мо замоне ба сари қудрат омад, ки касе ба ояндаи давлати суқуткардаву сарҷамъи ҷомеаи сарсону парешони он умед надошт. Имрӯз ба арсаи сиёсатҳои бузург ворид шудани шахсияти таърихсозу тақдирсози миллати тоҷик - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атои Парвардигор ба хали заҳматқарину миллати куҳанбунёди тоҷикон аст, ки замоне ба сари қудрат омад, ки касе ба ояндаи давлати суқуткардаву сарҷамъии ҷомеаи сарсону парешони он умед надошт.

Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва амнияти сарзамини аҷдодист. Ваҳдати миллат ба хотири он буд, ки модарон осуда фарзандонашонро ба хизмати Модар – Ватан фиристанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст. Ваҳдат ба хотири якпорчагии марзу буми тоҷикон буд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун идеяи пешбарандаи ҷомеа баҳри ободию шукуфоӣ ва рушди тарраққиёти мамлакат нақши муҳим мебозад. Дарвоқеъ, пайравони сиёсати сулҷӯёнаи Сарвари ҷавони мамлакат, ки баҳри таъмини тинҷию осоиштагӣ ва имрӯзи дурахшони миллату давлатимо ҷаҳду талош намуданд. Ваҳдати миллиро арзиши муқаддас ва санаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бузургтарин рӯйдод дар таърихи давлатдории тоҷикон мешуморанд.

Имрӯзҳо вақте хабари ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ягон шаҳру ноҳияҳои кишвар паҳн мешавад, аз сокини оддӣ сар карда, ҳамагӣ дар тараддуди ободию тамизи хонаву маҳалҳои хеш мегарданд. Иттиҳоду ҳамовозии ҷомеа ва сарҷамъии умумихалқӣ атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат нишонаи боварии халқ ба Пешвои муаззами хеш аст.

Мо қишри фаъоли ҷомеаро мебояд, ки таҳкими ваҳдати миллиро вазифаи муқаддаси хеш дониста, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии хеш ва ҳифзи маънавиёти мардум аз афкори бегонапарастӣ пайваста саъю талош варзем, то ин ки ваҳдати мо пояндаву Тоҷикистон азизи мо ободу зебо гардад.

РАҲМОНЗОДА Аваз – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара