ДАР ТОЗАГИВУ ОЗОДАГӢ ВА ХУРРАМГАРДОНИИ НОҲИЯ САҲМГУЗОРЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кабудизоркунӣ» ба ҳашар баромада, дар тозагиву озодагӣ ва хуррамгардонии ноҳия саҳм гузошта, майдончаҳои варзиш ва минтақаҳои гуногунро аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тоза менамоянд. Тозагиву хуррамгардонии вазифаи тамоми шаҳрвандони ноҳия мебошад. Иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзаминамонро меомӯзем

Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, пас он ба саломатии одамон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи инсонӣ асос мегузорад. Маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин менамоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки иқдоми «шаҳри сабз» бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истеҳсоли энергияи «сабз» низ иртиботи мантиқӣ дорад, ки он асоси сиёсати экологии давлати моро ташкил медиҳад.