АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАҲРИ ТОЗАВУ ОЗОДА ВА ШОД НАМУДАНИ РӮҲИ ГУЗАШТАГОН ГУЗАРОНИДА ШУД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолон, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуми ноҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар арафаи иди “Қурбон” дар қабристони ҷамоати деҳоти И.Шариф, деҳаи Каромат ноҳия баргузор гардид.