МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ ДАСТАҲО

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Данғара байни дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамарӯза баргузор гардида истодааст.  Бо дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар даврони истиқлол ба таври бесобиқа рушд намуд. Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул шудани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муқаррар шудани 25 - май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” низ як далели эътирофи рушди варзиш дар кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.