ДАР ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ САҲМГУЗОР МЕБОШЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани гирду атрофи муассаса саҳми худро гузошта истодаанд. Иқдомоти мазкур ҷиҳати омодагии ҷиддӣ гирифтан ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гашта, дар он аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолона ширкат варзиданд, ки шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо дар оянда низ давом дода хоҳад шуд.