АМАЛИЁТИ МУШТАРАК БАЙНИ МАКТАБУ МАОРИФ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Данғара Раҷабализода Ҳоқималӣ  дар доираи супориши мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия амалиёти муштарак байни мактабу маориф, алалхусус дар байни хонандагони синфҳои 9 – 10 ва 11  хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ҳангоми баргузории хонишҳои сиёсӣ масъулин вобаста ба мавзуҳои ҳолати печидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирию мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, рӯ овардан ба илмомӯзию касбу кор ибрози андеша намуда онҳоро ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, эҳтирому ифтихор аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Зимни хонишҳои сиёсӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар байни насли наврасу ҷавонон аз рӯи мавзӯҳои муҳим: “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар доир карда мешавад.