ГУРӮҲИ ТАШВИҚОТИ ТАРҒИБОТИ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУР

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мақсад аз гурӯҳи корӣ бо дигар шарҳу тавзеҳи муҳтавои суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Кохи Ваҳдат бо намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардида буд, ба мардум расонида, онҳоро бобати хайру эҳсонкорӣ, сарфаву сарриштакорӣ дар буҷаи оила ва тарбияи дурусти фарзандон раҳнагун сохтан буд. Гурӯҳи корӣ аҳли сокинонро водор сохтанд, ки дар сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бетарафӣ зоҳир насохта, кӯшиш намоянд, ки ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гарданд.

Ҳамчунин оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои дар ихтиёрдошта, кишт ва парвариши сабзавоти картошка, бунёди боғ ва шинонидани дарахти ар-ар ба аҳли сокинони деҳа тавсия дода, таъкид ҳам намуданд.

Дар вохӯри аҳли сокинон низ суханронӣ намуда, ваъда доданд, ки барои пешрафти зиндагӣ ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти худ ва саҳми муносиб гузоштан дар рушду ободонии диёр саҳми муносиб мегузоранд.