ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУРӢ, НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мақсади вохӯрӣ ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа мунтазам гузаронида шуда, фаҳмонида мешавад, ки имрӯз ҷаҳон дар вазъияти ниҳоят ноорому печида қарор дошта, терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам рӯз ба рӯз доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани миллионҳо одамони бегуноҳ гардида истодааст. Тавзеҳ дода мешавад, ки вазъи мавҷуда бисёр ташвишовар буда, онҳое, ки ба чунин кирдорҳои нангин даст мезананд, номи неки миллати тоҷик, аз ҷумла мардуми соҳибмаърифати Тоҷикистонро доғдор месозанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи стратегияи муқовимат ба экстремизму терроризм” , инчунин, дар бораи масоили таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, ҳуруфотпарастӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа баромаду фаҳмондадиҳӣ  карданд.

Ва инчунин, оид ба вусъат бахшидани раванди корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддасу таърихӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашнҳои милливу давлатии дар пеш истода дар ҳудуди Ҷамоат низ фаҳмондадиҳӣ карда шуд.