САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шанбегии дастаҷамона бо иштироки доираи васеи ҷавонону варзишгарон, волонтёрони ташкилоти ҷамъияти ҷавонон пайравони Пешвои миллат муассисаи таълими миёнаи умумии  №56, ҳашари дастаҷамъона барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф дар ноҳияи Данғара баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки ин иқдом дар заминаи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардида, ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф мусоидат менамояд. Иқдоми сабзкорӣ таҳти унвони "Мо ҷавонон ин ватанро сарсабзу хуррам мекунем" аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш” - и ноҳия, “Маҷмааи варзиши ва МДМВ”  - и ноҳия Данғара  пайваста гузаронида мешавад.

Аксҳо аз рафти чорабини мазкур