Осорхона – мамнуъгоҳи Ҷумҳуриявии Данғара.

Данғара: Андеша  

Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд  мекунад. 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.

Бо қарори  Раиси ноҳияи Данғара 11 – сентябри соли 2001 Осорхонаи марказии ноҳияи Данғара таъсис ёфт. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти фармони №569 аз 30 – ноябри соли 2007 муассисаи давлатии Осорхонаи марказии ноҳияи Данғара ба муассисаи давлатии “Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” иваз карда шуд. “Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара”, муассисаи давлатии ғайри тиҷорати илмию татқиқотӣ ва тарғиботию маърифатӣ мебошад. “Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара”  суратҳисоби махсуси бонкӣ дошта, дар тобеияти Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Осорхона дорои оиннома буда, фаъолияташро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурӣ қонунҳо “Дар бораи осорхона”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои таърихию фарҳангӣ” ва дигар қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону  супоришҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Айни ҳол дар осорхона 4 – шуъба ва 1 – фонд фаъолият дорад.

  1. Шӯъбаи таърихи қадим ва асрҳои миёна
  2. Шуъбаи мардумшиносӣ (этнография)
  3. Шӯъбаи мосир
  4. Шуъбаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ

Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки зертобеи осорхона мебошанд;

  1. Оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин
  2. Оромгоҳи Мавлоно Обиддин
  3. Оромгоҳи Сари ҚАлъа
  4. Оромгоҳи Хоҷа Шақиқи Балхӣ.

Осорхона мувофиқи ҷадвали крбаст 46 – воҳиди корӣ дорад. Фонди умумии осорхона то 07.09.2022 5836 – адад нигораро ба намоиш гузошта шудааст. дар фонд 3033 – адад нигора нигоҳ дода шудааст ва фонд дар гардиш аст. Алҳол, роҳбарии осорхонаро Раҳмонзода Илҳом ба ӯҳда дорад. Эпозитсияи Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара дар асоси нақшаи мавзӯи – экспозитсионӣ дар толорҳо ҷойгиршуда дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки ин инъикосгари  таъриху  тамаддуни халқи тоҷик мебошад, махсусан аз ноҳия ба маърази тамошо гузошта шудааст. ҳамчунин экспоитсияҳои ИМҶД ҷиҳати муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар чор шуъба ва як фонд фаъолият менамоянд, дар ду ошёна ҷойгир шудаанд.

АСОМУДДИНОВА Майдагул – Мудири шуъбаи таърихии дунёи қадим