ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХОНАНДАГОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабализода Ҳокимали ва Раҳмонзода Аваз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳия дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми баргузор гардида истодааст. Дар рафти вохӯри бо хонандагон дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фаннҳои дақиқ суҳбат доир намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки имрӯзҳо бадхоҳони миллати тоҷик ки пешравию тарақиёт ва сулҳу суботи кишвари азизамонро дида ҳасад мебаранд аз ҳар роҳу васила истифода намуда, ҷавонону наврасонро мағзшӯи намуда, ба доми хеш мекашанд ва имрӯз мо ҷавононро зарураст, ки ба гуфтаҳои ин гурӯҳ шахсон дода нашавему зиракии сиёсиро аз даст надода, пуштибони аз сиёсати имрӯзаи давлати хеш намуда, барои пешрафту тараққиёти кишвари азизамон тамоми донишу маллакаи хешро равона созем. Зимни баромад ва вохӯрии судманду самимӣ масъулин қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода менамояд.