ДАРСҲОИ КУШОД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12 – 15 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои кушод баргузор гардид.

Амалиёти дарсҳои кӯшод дар мавзӯъҳои зерин доир карда шуд:

1. Асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон,

2. Ваҳдати миллӣ ва вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир

3. Экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим

4. Ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории дарсҳои кӯшод, дар муассисаҳои таълимӣ дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.