ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии “Маҷмааи Варзиши” - и ноҳияи Данғара, мураббиёну кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии тибқи дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар саҳни маҷмааи варзишӣ, Парчами давлатӣ ва кӯчаи Нуралӣ Миралиеви ноҳия пайваста корҳои ободони гузаронида истодаанд.  

Боиси тазаккур аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи варзишӣ” барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи он пайваста корҳои ободонӣ гузаронида шуда, дар он ҳайати кормандони муассиса фаъолона иштирок менамоянд.