ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ, САРСАБЗУ ХУРРАМГАРДОНИ ШИОРИ МОСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара мунтазам иқдомҳои дарахтшинонӣ ва ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат гирифта истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «Биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем». Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки ҳар рӯзро барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани ноҳия ва тарбияи фарзандонамон самаранок истифода бурда, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ саҳми арзишманд гузорем!