САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи корӣ ва дар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи ҷумҳуиявӣ” – и ноҳияи Данғара, баҳри сарсабзу хуррамгардонии  гирду атроф,  бо кормандони муассиса тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона тозаву озода  ва бо гулҳои мавсими ороиш додани саҳни муассиса ҳамарӯза ҳиссаи худро мегузорем. Бояд гуфт, ки вобаста ба мавсим гулҳои ороишӣ зуд‐зуд иваз карда мешаванд. Тибқи нақшаи кории муассиса, то охири сол ба хотири сарсабзу хуррам намудани гирду атрофи муассиса гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд.