БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ НАВРАСОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара, оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баргузории дарсҳои кӯшод зери унвони “Соати сиёсӣ” бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12 - 24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ба роҳ монда шудааст.

Зимни баргузории Соати сиёсӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, бо хонандагон оид ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, дур будан аз фарҳанги бегона, пешгирии таълимоти динии ғайрирасмӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва омода будани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.