КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамарӯза гурӯҳӣ корӣ дар тамоми ташкилотҳо вохӯриҳо гузаронида истодаанд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара  оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон печидатару мураккаб гардидани гурӯҳҳои ифротиву тундрав амалҳои нангину муғризонаи худро дар ҳар гӯшаи сайёра роҳандозӣ намуда истодаанд вохӯри доир намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ аз ин варта дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ гуфта шуд, ки ҷавононро зарур аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, зери сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу тифоқ бошему амалкардҳои гурӯҳҳои тундраву муғризро пайваста маҳкум намоем.