ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ЗЕБОНИГОРӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия мунтазам иқдомҳои дарахтшинонӣ ва ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат гирифта истодааст.

 Омӯзгорону кормандони хоҷагӣ ба ҳашари дастаҷамъона дар корҳои ободониву зебонигорӣ ва сабзу хуррамгардониро баромаданд.

Иқдомоти мазкур ҷиҳати омодагии ҷиддӣ гирифтан ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гашта, дар он аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолона ширкат варзиданд, ки шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо дар оянда низ давом дода хоҳад шуд.