МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, ташкил намудани шанбегиҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” бо ҷалби васеи сокинони ноҳияи Данғара аксияи тозагӣ таҳти унвони "Тозагиву хуррамгардонӣ кори ҳамаи мост" гузаронида шуд. Дар ин аксия шинонида дарахтони ҳамешасабзи ва нарм намудани бехи ниҳолҳо арча  ва ободу зебо гардонидани гӯшаи диёри худ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.. Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, пас он ба саломатии одамон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи инсонӣ асос мегузорад. Маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин менамоянд.

Чунин корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони тамоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия мақсади тозагии гирду атрофи  дар сатҳи баланд ҳамарӯза гузаронида шуда истодааст.