МАРКАЗИ “ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ” – И ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КУРСИ СЕРТИФИКАТСИОНИИ ДӮЗАНДАГИРО ОҒОЗ НАМУД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” – Донишгоҳи давлатии Данғара боз як маркази курси сертификатсионии дӯзандагӣ, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба шуғл ҷалб намудани занҳои хонашин, ҳамзамон дӯстдорони санъати дузандагӣ оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳои амалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамони дарздӯзӣ бо усулҳои миллӣ ва аврупоӣ гузаронида мешаванд.

Баъди хатми курси маркази “Ҳунарҳои мардумӣ”, хатмкунандагон бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд.

Дар рафти омӯзиш касбомӯзон самтҳои зерини дӯзандагиро аз худ менамоянд:

­ - тарҳрезӣ ва духти либос;

­ - технологияи лоиҳакашии духти либос;

­ - нақшҳои миллӣ;

­ - ҳунарҳои мардумии қуроқдузӣ ва бофандагӣ.