КӮМАК  БА НИЁЗМАНДОН ДАР МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии табақаи ниёзманд ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, Раиси ҷамоати шаҳрак Шамсуллоев Раҷабалӣ ва бо ҷалби соҳибкорон, ба ниёзманд ва кормандони Коммуналии ноҳия  кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Вакилони мардумии ноҳияи Данғара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми муносиби хешро гузошта, ҳамеша дастгирӣ табақаҳои ниёзманд мебошанд. Бояд қайд намоем, ки рисолати вакилӣ ин миёни мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтимсодии онҳо мебошад.  Кӯмаки мазкур аз ҷониби раиси шаҳрак Шамсуллоев Раҷабалӣ ба ниёзмандон дастрас гардид.