ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – ЭҲЁИ АНЪАНАҲО

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат” – и ноҳияи Данғара, бо иштироки омӯзгор Ибрагимова Баҳрия фанни технолигия дар дарси Технология (таълими меҳнат) -духтарон ва дар маҳфили ”Тарроҳон” ҷалб намудани духтарони муассиса ба қӯроғдӯзиву дӯхтани либосҳои оддӣ омӯзонда шуд. Маҳз ҳамин ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари симои ҳақиқии миллати эҷодкор ва офаридгори мо будаанд. Эҳёи анъана ва суннатҳои мардумӣ, ҳунарҳои халқӣ яке аз мақсадҳои наҷибе буд, ки халқи мо таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои нахустин онро пеш гирифта, пайваста пайгирӣ мекунад. Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳо ва ҳунарҳои сирф тоҷикӣ беҳуда набуд. Зеро маҳз ҳамин хуҷастагиҳо тӯли таърихи ҳазоронсола сабаби мавҷудияти пойдор, ҳувияти дурахшон ва симои хоссаи миллӣ доштани халқи тоҷик гардид. Аз ин рӯ дар давраи эҳёи навини миллӣ рӯи кор овардану наҷот додани бисёре аз онҳо ҳадафи барқарор кардани симои воқеии таърихиву ҳунарии мардуми мо дар пеши худ ва дар пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Мо шоҳид ҳастем, ки дар ин ҷода иқдом аз пайи иқдом ва ташаббус аз пайи ташаббус пеш гирифта шуд, ки имрӯз натиҷаҳои қаноатбахши худро дода истодаанд.