ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мураббиёну кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии Маҷмааи Варзиши” - и Ноҳияи Данғара тибқи дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар саҳни маҷмааи варзишӣ ва кӯчаи Нуралӣ Миралиеви ноҳия шанбегӣ доир намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар Муассисаи давлатии маҷмааи варзишӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи он пайваста корҳои ободонӣ гузаронида шуда, дар он ҳайати кормандони муассиса фаъолона иштирок менамоянд.