АКСИЯИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!»

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ин унвон бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара аксияи тарғиботи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.

Солҳои охир таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як пояи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли асрҳо зебогиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Вақте, сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан – модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо, ки дар ҳама давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт, пеши назар меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.