ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Умедаст духтарону, хоҳарон ва модарони меҳрбони тоҷик дар ҳар замони либос бегона напӯшанд ва ҳамеша либоси зебои худро бар дигар либосҳо бартари диҳанд.  Лозим ба ёдовари аст,  ки ибтикори "Тоҷикона мепушем” дар Тоҷикистон то 31 моҳ май идома дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мароифчиён” – и МТМУ № 59 таҳти унвони  “Тоҷикона мепӯшем” чорабини шуда гузашт. Бояд гуфт ки занону модарони тоҷик посдори суннатҳои муқаддаси миллат ҳастанд, вақти суҳбат аз либос миллӣ мешавад, тасовири занони бо либосҳои хос пеши чашмҳо меояд.

Мақсад аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои некӣ аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ гуфта мешавад.