СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №15

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.  Дар “Соати сиёсӣ” омӯзгоронӣ соҳибтаҷриба, ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Масъулин дар баромадашон дар мавзуъҳои “ Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳувияти миллӣ” баромад намуда иброз доштанд, ки тарбияи ҳарбӣ‐ватандӯстии ҷавонон аз муҳимтарин ҷанбаи тарбияи ҷавонон ба ҳисоб рафта, мақсад аз он дар дили насли ҷавони имрӯза эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки шарафу нангу номусро бедор намудан аст. Ҷавонони мо дар чунин як замоне тағйирёбанда ва ноороме зиндагонӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза онҳоро хатари гирифтор шудан ба доми гурӯҳҳои ифротгаро таҳдид менамояд. Онҳоро аз ин доми пурхатар ҳисси баланди ватандустӣ, худшиносии миллӣ, ифтихор аз муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба давлату Ватан ва тафаккури ташаккулёфтаи илмӣ раҳо карда метавонанд.