ШИОРИ ҲИЗБИЁН ДАРК НАМУДАНИ МОҲИЯТИ ТОЗАГИВУ ХУРРАМГАРДОНӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, дар доираи Нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бобати тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф корхона,  ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид. Интихоби шиори ҳизбиён низ гувоҳи он аст, ки онҳо моҳияти тозагиву хуррамгардониро хуб дарк намуда, аҳамияти онро дар зебоиву дилороӣ ва сарсабзу шукуфоӣ муҳим арзёбӣ менамоянд. Дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти мамлакат низ маҳз аз иштироки фаъолона дар корҳои маҳал, махсусан дар ҳашарҳо оғоз меёбад, зеро Ватан аз маҳал сар мешавад. Аз ин лиҳоз гузаронидани ҳашарҳо ва корҳои ободонӣ агар аз як тараф, ба тозагии муҳити атроф ва хуррамгардонии он нақши назаррас гузорад, аз тарафи дигар, дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа муттаҳидию сарҷамъиро таблиғу ташвиқ менамояд. Дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти мамлакат низ маҳз аз иштироки фаъолона дар корҳои маҳал, махсусан дар ҳашарҳо оғоз меёбад, зеро Ватан аз маҳал сар мешавад.