СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №20

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории соатҳои сиёсӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 – и ҷамоати шаҳрак  вобаста ба мавзӯъҳои тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ,   бо иштироки  омӯзгори соҳибтаҷриба  ва  собиқадори риштаи ҷомеашиносӣ, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20,  Алиева Саодат   миёни  хонандагон “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.  Масъулин миёни хонандагон иброз доштанд, ки пайомадҳои имрӯзи ҳизбу созмонҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир ҳушдорамон месозад, ки бо ақлу заковати худ амал намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Парвариши боварӣ ба таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаҳое сурат мегирад, ки дар онҳо андешаҳои мафкуравии заиф  дошта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳолати ба вуҷуд омадаи идеологӣ ва вазъи мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ дар давлатҳои Осиёи Марказии пасошӯравӣ ба ашхоси хориҷӣ ва хизматгорони дохилии онҳо дар муддати кӯтоҳ муяссар гардид,  тафаккури қишри муайяни аҳолиро ба дарки арзишҳои исломӣ ба сифати асосҳои идеологӣ ва маънавӣ моил созанд, то ки муносибати шахсӣ ва ҷамъиятиро танзим намояд. Дарки бешууронаи арзишҳои исломӣ, сатҳи     пасти дониш ва ҷаҳонбинии диниву дунявӣ боиси хуруҷи таассуби динӣ мегардад.