СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №3

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.  Дар “Соати сиёсӣ” омӯгоронӣ соҳибтаҷриба, ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Масъулин дар баромадашон дар мавзуъҳои “ Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳувияти миллӣ” баромад намуда иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва мардуми ин сарзамини куҳанбунёду бофарҳангро ба бедории миллӣ ва ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ даъват менамоянд. Аллакай собит гардидааст, ки шахсони хиёнаткор ҳатман хору залил гардида, дар назди қонун ва халқу миллати худ ҷавоб медиҳанд. Бо ин сабаб, ҳар як фарди худогоҳ бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошад, ба Ватан, миллат, давлати ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошад.