ИН ВАТАНРО МО ҶАВОНОН САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди Парчами  ноҳияи Данғара ҳамарӯза шанбегӣ, корҳои ободонӣ ва шинонидани дарахтон таҳти унвони "Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем" ташкил ва баргузор гардид. Дар ҳашари мазкур корҳои ободонӣ, дарахтшинони алафҳои хушкшуда, ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд. Иқдоми дарахтшинони идомаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамвора ба сарсабзу хуррам гардонидани диёри биҳиштосоямон на танҳо таъкид мекунанд, балки худ дар ин гуна маъракаҳо фаъолона ширкат мекунанд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба чунин корҳои созанда ташвиқ мекунанд ва худ барои анҷоми ин гуна корҳои хайру савоб саҳми беандоза мегузорад.