ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМИ 13 – 483 “Б”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар қисми низомии 13 - 483 "Б" ноҳияи Данғара чорабинии фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба Рузӣ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мовини аввали раиси ноҳияи Данғара, фаъолон ва кормандони бахш ва волонтёрони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид. Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишварро, пеш аз ҳама ба зимаи ҷавонони баору номус ва ғаюру далери шуҷои Ватан бовар ва вогузор намуд. Чунон, ки ҷавонон медонанд, Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаби хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш ҷон нисор намудаанд. Раванди таълиму тарбияи аскарону афсарон барои омодабошии ҳайати шахси саҳми беандоза дошта, аз маърифати баланди ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳӣ, муҳаббати беандоза ба сарзамин ва эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқат ба Ватан вобастагии беандоза дорад. Ҳамеша барои ҳифзи Истиқлолият, дахлнопазирии марзу буми Ватан омода бошем ва насли ҷавонро барои хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ тарбия ва ҳидоят намоем.

Дар фарҷом ба сарбозону афсарон сипоснома ва китобҳои бадеиву таърихӣ ҳадя гардид.