АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ДИЁРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ"

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ як қатор силсила тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Минтақаи озодӣ иқтисодӣ” ҷамоати деҳоти Лоҳур бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизбӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хоса мебахшад. Аз ин рӯ, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.