ИҚДОМИ ЭКОЛОГӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

25  - феврали соли 2024, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” –  и  “Донишгоҳи давлатии Данғара” бо ташаббуси ректори Муассисаи давлатии таълимии, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми экологӣ таҳти унвони “Тозагию озодагӣ мароми мост” дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва хабгоҳҳои донишҷӯён гузаронида шуд.

Чунин иқдомҳоро Раёсати донишгоҳ бо мақсади тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ ва ноҳияи Данғара пайваста баргузор менамояд.